Дафтари матбуоти ФФТ ва КФ «Истиқлол» аккредитатсияи рӯзноманигоронро ба бозиҳои Ҷоми КФО-2020 бо ширкати «Истиқлол»-и Душанбе оғоз кард.
Барои аз аккредидатсия гузаштан аз рӯзноманигорон хоҳиш карда мешавад, ки маълумотнома ва сурати 3х4-и худро ба почтаи электонии s_faridun@mail.ru ирсол намоянд ва нишон диҳанд, ки намояндагии кадом ВАО-ро ба ӯҳда доранд (рӯзнома, портали интенетӣ, ТВ, радио ва ғайра). Дар дархост овардани ном, номи падар (фамилия) ва рақами телефон ҳатмӣ аст.
Ҳамчунин таваҷҷуҳ бояд, кард, ки се намуди аккредитатсия барои рӯзноманигорон муайян шудааст: барои онҳое, ки менависанд, сурат мегиранд ва навор мебардорнад. Аз ҳамин рӯ ҳатман соҳаи худро мушаххас нависед.
Дархостҳо то соати 17:00-и 4 март қабул карда мешаванд. Он дархостҳое, ки баъди ин рӯз ворид мегарданд, ба назар гирифта нахоҳанд шуд.
Бейҷҳои аккредитатсионӣ 10-уми март баъди конфронси матбуотии дастаҳои «Истиқлол» ва «Хучанд» ба рӯзноианигорон супорида мешаванд.
Телефонҳо барои маълумот: 911100014 ва ё 918667387 (Фаридун Солиев), 987351111 (Рустам Ҳакимов).