Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» эълон кард.
Ба дархости васеи даста 35 футболбоз шомил аст, аммо ҷамъомади тамринӣ, ки 25 август оғоз мешавад, бо ширкати 23-нафар оғоз мешавад.
Айни замон бархе аз бозигарони мунтахаби кишвар ба ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мебинад. Дар робита ба ин, чанд бозигари тими олимпӣ метавонанд дар ҷараёни мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» ба мунтахаби асосӣ ҳамроҳ шаванд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Ҳиндустон (29 август), Афғонистон (1 сентябр) ва Эрон (4 сентябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Ҳисор баргузор мешаванд.