Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати дастаро барои бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар зидди тими миллии Филиппин, ки 31 март дар Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард.
Бисту панҷ бозигар барои омодагӣ ба вохӯрии дарпешистода ба мунтахаби миллӣ даъват шуданд – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Рӯйхати ниҳоӣ барои бозӣ 23 бозигарро дар бар мегирад.
Ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон») ва нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов («Гул Гуҳар») бо сабаби ҷароҳат доштан дар бозии дарпешистода иштирок намекунанд.
Ҷамъомади тамринии мунтахаби миллӣ 23 март дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
Бозии шашуми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни Тоҷикистон ва Филиппин 31 март дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, соати 19:00 оғоз мешавад.
🇹🇯 Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо яккачини Филиппин:
🧤 Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Олег Баклов («Туран Товуз», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот»);
✅ Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов, Сайёди Ковусшо (ҳарду аз «Равшан»), Аҳтам Назаров («Вахш»), Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Аҳмадҷон Шоев («Сардор»);
✅ Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ»), Ҷамшед Махсумов («Равшан»).
✅ Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Рустам Соиров, Далер Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»).
Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербия).