Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили дастаи Тимори Шарқӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили дастаи Тимори Шарқӣ

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати бозигаронро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар зидди Тимори Шарқӣ, ки 18 ноябр дар Дарвини Австралия баргузор мешавад, эълон кард.

Рӯйхати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигарро дар бар мегирад – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Имшаб дастаи мо ба Австралия сафар мекунад ва онҷо барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодагӣ мебинад.

Вохӯрии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни яккачинҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18 ноябр дар ҳудуди варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор гашта, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (11:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед