Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев рӯйхати ҳайати дастаро барои даъват шудан ба бозиҳои саниҷшиву дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун (рӯзҳои 1 ва 5 феврал) муайян намуд.
Ба рӯйхати мазкур 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар шомил шудаанд. Аз аъзоёни тими миллии Тоҷикистон, ки дар дастаҳои хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, ҳамагӣ ду кас – муҳофизатгари «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва ниммуҳофизи «Навбаҳор»-и Намангон Эҳсони Панҷашнбе даъват шудаанд. Якчанд бозигари дигарамон, ки дар бошгоҳҳои хориҷи мамлакат баромад доранд, вобаста ба вазъияти пандемиягӣ наметавонанд дар бозиҳо муқобили Урдун иштирок намоянд.
Омодагиро ба бозиҳо бо миллипӯшони Урдун, ки рӯзҳои 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд, тим миллии Тоҷикистон рӯзи 27 январ дар душанбе шурӯъ мекунад. Рӯзи шанбеи 30 январ бошад, ҳайати намояндагии мунтахаби миллии кишвар ба дубай парвоз карда, омодагиро он ҷо идома медиҳад.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:
Даврозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Мӯҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).
Бозиҳои дӯстона
1 феврал (душанбе)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Дубай, ИМА
5 феврал (ҷумъа)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Дубай, ИМА