Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали футболи бонувонро бо номи «AFC Women’s Football Day 2020» баргузор намуд.
Ҳадафи баргузории Фестивал ташвиқу тарғиби футбол дар байни духтарону занон ва ҷалби шумораи бештари онҳо ба тамрини футбол мебошад.
Дар чорабинии идонаи варзиши бештар аз 80 ҷавондухтарон ширкат карда, аз баргузории он таассуроти ҷолиб бардоштанд.
Дар ҷамъбаст ба духтарони иштирокчӣ тӯбҳои футболбозӣ тақдим шуд.