Ҷадвали бозиҳои тими миллии Тоҷикистон дар «CAFA Nations Cup 2025» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷадвали бозиҳои тими миллии Тоҷикистон дар «CAFA Nations Cup 2025»

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҷадвали бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025»-ро дар гурӯҳи «В», ки аз 29 август то 8 сентябр дар Ҳисор баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо тимҳои Ҳиндустон (29 август), Афғонистон (1 сентябр) ва Эрон (4 сентябр) бозӣ мекунад. Ҳама вохӯриҳо бо иштироки дастаи мо соати 20:30 оғоз мешаванд.

Чиптаҳо барои шаш бозии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» аллакай дастрасанд ва онҳоро аз платформаи echipta.tj харидан мумкин аст. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад.

Назари худро бинависед