Ҷадвали бозиҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷадвали бозиҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуд

Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаро тасдиқ ва эълон кард.

Дастаи занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «H» қувваозмоӣ мекунад. Ҳарифони мунтахаби мо дастаҳои Кореяи Шимолӣ (29 июн), Малайзия (2 июл) ва Фаластин (5 июл) мебошанд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «H» аз 29 июн то 5 июл дар Душанбе баргузор мешаванд.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 1 то 26 март дар Австралия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед