Блогери машҳури тоҷик Абдурозиқ дар машқҳои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки дар Дубай ҷараён доранд, ширкат кард.
Дар рафти боздид Абдурозиқ ба бозигарон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 миёни наврасони то 17-сола, ки дар Қатар баргузор мешавад, муваффақият таманно намуд.
Ҳамчун нишони эҳтиром бозигарон барои меҳмон «роҳрави» анъанавӣ оростанд, ки Абдурозиқ аз он зери кафкӯбиҳо гузашт.