Абдулло Давлатов бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025-ро доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Абдулло Давлатов бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025-ро доварӣ мекунад

Ду довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати довароне, ки бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-соларо ҳакамӣ мекунанд, шомил шуданд.

Ба рӯйхати доварони Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон довари ФИФА Абдулло Давлатов ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев дохил гардиданд.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 16 даста, аз ҷумла тими Тоҷикистон ширкат мекунад. Ҳама дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025, ки дар Қатар доир мегардад, мешаванд.

Назари худро бинависед