7-уми август қисми ниҳоии мусобиқаи лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» байни бозигарони то 18-сола оғоз мешавад. Дар чемпионат, ки дар ду давра барпо мегардад, 8 даста иштирок мекунад.
Дар остонаи оғози мавсими нав дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон бо намояндагон ва мураббиёни дастаҳои лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) баргузор гардид.
Директори ЛФКНТ Абдулло Соқиев вохӯриро ифтитоҳ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти бозиҳои интихобӣ табрик кард ва ба онҳо дар қисмати ниҳоӣ муваффақият таманно намуд.
Ҳашт дастаи беҳтарини интихобӣ дар қисми ниҳоии Лигаи наврасони Пешсаф (U-18) ширкат мекунад. Инҳо «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Эсхата» (Хуҷанд), МҶМОВ, КМВА, «Душанбе» (ҳама аз Душанбе), МДМВ «Ёқут» (Ваҳдат), МДМВ (Ҷайҳун) ва «Равшан» (Кӯлоб) мебошанд.
Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар даста 14 бозигӣ анҷом медиҳад.
Ба ҳамаи дастаҳое, ки дар чемпионат иштирок мекунанд, як маҷмуи либоси варзишӣ ва тӯбҳо тақдим карда шуданд. Тибқи анъана дар мавсими нав Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон музди доварон, роҳкиро ва хӯрокаи дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ таъмин мекунад.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» байни бозигарони то 18-сола бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) ташкил карда мешавад.