Ба диққати намояндагони ВАО! 30 март дар меҳмонхонаи «Румӣ» пеш аз бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» миёни Тоҷикистон ва Филиппин нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 11:00.
Сармураббии дастаҳо Горан Стеванович (🇹🇯 Тоҷикистон) ва Карлекс Куадрат (🇵🇭 Филиппин), инчунин аз ҳар тим як бозигарӣ ба суолҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки аккредитатсияҳое, ки қаблан барои бозиҳои интихобии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гирифта шуда буданд, барои бозии дарпешистода эътибор хоҳанд дошт.