Тими миллии футзали Тоҷикистон 14 январ тавассути транзити Дубай ба шаҳри Ҷакарта сафар мекунад ва онҷо омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оғоз менамояд.
Дар доираи омодагиҳои худ даста дар Индонезия машқҳои дастаҷамъии даҳрӯза роҳнадозӣ мекунад. Дар доираи ҷамъомад мунтахаби Тоҷикистон се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Сармураббии дастаи миллӣ Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст – се дарвозабон ва 13 бозигар. Ҳайати ниҳоии мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 14 бозигарро дар бар мегирад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон бо яккачинҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ хоҳад кард.