Шоми 19 май бо ташаббуси роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар як гӯшаи зебоманзари кишвар – деҳаи Алмосии Ҳисор чорабинии бошукӯҳи варзишӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи «Истиқлол Арена»-и деҳаи Алмосӣ бо барномаҳои рангини варзишӣ ва фарҳангӣ ҷараён гирифт. Чорабинӣ шумораи зиёди меҳмонон ва мухлисони футболро ҷалб кард.
Ба ҷашнвора намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи «Истиқлол», собиқадорони футбол, рӯзноманигорон, инчунин сарпарастон ва шарикони бошгоҳи шаҳри Душанбе даъват шуда буданд, ки шоҳиди ҷашни бошукӯҳи футбол шуданд.
Аксҳои хотиравӣ ва машқҳои муштарак бо бозигарони дастаи асосӣ, тими ҷавонон ва футзали «Истиқлол» барои кӯдакону наврасон хотираҳои рангинеро боқӣ хоҳанд монд.
Ҳамчунин, барои фароғати меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик пешкаши тамошобинон гардид, ки ба ҷашнвора шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.