Дар Душанбе бозии нахустини силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 миёни ду бошгоҳи пойтахт «Соро компани» ва «Истиқлол» баргузор шуд.
Вохӯрӣ маҷрои шадид касб карда, ба суди дастаи «Соро компания» ба охир расид – 3:2. Голҳои «Соро»-ро Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва дарвозабони эронӣ Саид Торабиде заданд. Рустам Ҳамидов ва Абдуқаюм Умаров голҳои «Истиқлол»-ро ба самар расониданд.
Бозии дуюми силсилаи ниҳоӣ рӯзи 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки бар асоси низомнома, силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳоро дар бар мегирад.