Дастаи наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, бар ҳамсолони худ аз Уммон ғалаба кард.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи наврасони мо анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашурализода заданд.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳад кард. Ин дидор рӯзи 8 апрел баргузор мешавад.