Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар бораи омодагии даста ба бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Тимори Шарқӣ ибрози назар кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.
Парвизҷон УМАРБОЕВ, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон:
– Аз мухлисонамон барои натиҷаи вохӯрии рафиқона бо Беларус узр мепурсам. Мутаассифона, мо дар нимаи дуюм хеле бад бозӣ кардем. Ду рӯзи охир хеле душвор буд – суханони манфии зиёд нисбати даста. Мехоҳам бигӯям, ки барои бохти калон тамоми даста, аз ҷумла мо футболбозон ҳам айбдорем. Кӯшиш мекунем, то ки чунин хатоҳо дигар такрор нашаванд.
Дар мавриди бозии дарпешистода бо Тимори Шарқӣ бошад, омодагии ҷиддӣ мебинем. Мухлисонро даъват менамоям, ки тими миллии моро дастгирӣ кунанд. Энергияи онҳо ба мунтахаб қувваи иловагӣ мебахшад. Дар навбати худ ваъда медиҳам, ки тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то онҳоро бо бозии зебо ва албатта ғалаба шод кунем.