Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Давҳа бозии санҷишии якумро анҷом дод.
10 март тими наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Қатар бозии санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовӣ – 3:3 ба анҷом расид. Муҳаммад Назриев аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муаллифи ду гол шуд. Як голи дигарро Назрулло Ашӯрализода ба самар расонд.
13 март тимҳои наврасони Қатар ва Тоҷикистон вохӯрии санҷишии дуюмро дар шаҳри Давҳа доир мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад