Бонки «Арванд» шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Бонки «Арванд» шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бонки «Арванд» созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Маросими имзои созишнома имрӯз, 27-уми феврал дар дафтари бонки «Арванд» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Созишномаро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва раиси бонки «Арванд» Шоира Содиқова имзо карданд.

Зимни имзои қарордод ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ба бонки «Арванд» барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ раиси бонки «Арванд» Шоира Содиқова қайд кард, ки бонки онҳо аз ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хушҳол аст.

Назари худро бинависед