Довар Исмоил Нуралиев дар бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2025 (U-20) кор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Довар Исмоил Нуралиев дар бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2025 (U-20) кор мекунад

Ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев аз Тоҷикистон ба ҳайати довароне, ки бозии ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-соларо доварӣ мекунад, шомил шуд.

Исмоил Нуралиев дар бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки имрӯз, 26 феврал дар Чин баргузор мешавад, ёвари довари марказӣ Аскар Наҷафалиеви ӯзбекистонӣ хоҳад буд.

Қаблан Нуралиев дар се бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 миёни ҷавонон – Ироқ – Урдун (0:0), Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ (1:4) ва Ироқ – Кореяи Шимолӣ (1:1) ба ҳайси ёвар фаъолият намуда буд.

Назари худро бинависед