Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Рахш Такси» ҳамкориҳоро идома медиҳанд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Рахш Такси» ҳамкориҳоро идома медиҳанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Рахш Такси» шартномаи шарикии худро тамдид карданд. Қарордоди нав то охири сол эътибор дорад.

Маросими имзои созишнома имрӯз, 19 феврал дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Санадро ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов ва директори генералии ширкати «Рахш Такси» Мурод Назаров имзо карданд.

Пас аз имзои созишнома ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ба ширкати «Рахш Такси» барои ҳамкориҳои зич изҳори сипос намуд.

Директори генералии ширкати «Рахш Такси» Мурод Назаров дар навбати худ қайд кард, ки ҳамкориҳо бо ФФТ беш аз панҷ сол боз идома доранд ва дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд.

Назари худро бинависед