Дар Душанбе чемпионати CAFA-2025 оид ба футзал байни дастаҳои занона ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA-2025 оид ба футзал байни дастаҳои занона ба анҷом расид

Дар Душанбе чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футзали занона ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа дастаҳои занонаи панҷ кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат доштанд.

Ғолиби чемпионати CAFA-2025 тими Эрон (12 имтиёз) гардид, ки дар чаҳор бозии доиркарда ғолибият ба даст овард. Медалҳои нуқра насиби тими Ӯзбекистон (7 хол) гардид. Дастаи Қирғизистон бо дарёфти 5 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Дар маросими пӯшидашавии чемпионати CAFA-2025 оид ба футзал байни дастаҳои занона ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат доштанд.

Ҷоизаи Fair Play насиби тими Қирғизистон шуд. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа дарвозабони тими миллии Туркманистон Малика Эминова дониста шуд. Ҷоизаи муфидтарин бозигар ва беҳтарин нишонзани чемпионат аз они бозигари тими миллии Эрон Марал Торкамон гардид, ки давоми мусобиқот даҳ голро марбути номи худ намуд.

Назари худро бинависед