Гела Шекиладзе: «Бояд ба ҳар рақиб эҳтиром кард» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «Бояд ба ҳар рақиб эҳтиром кард»

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки дар он тимҳои миллии Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ ҳарифони дастаи мо гаштанд, ибрози назар кард.

«Дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд. Бояд ба ҳар як бозӣ омода буд. Дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардаем. Дастаи миллии Филиппин бозигарони зиёде аз чемпионатҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро метавонем ба ёд биёрем.

Мунтахаби Малдивро низ хуб мешиносам, дар ин даста кор кардаам, бад нест. Тимори Шарқӣ дар муқоиса бо Филиппин он қадар қавӣ нест, аммо ҳар як рақибро бояд эҳтиром кард. Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад.

Бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд. Ба ҳар тим бояд бо эҳтиром муносибат кард ва ба ҳар рақобат бо тайёрии хуб рафт. Мо аллакай нақшаи омодагиро ба вохӯриҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тартиб додаем. Соли оянда бозигарон ҳам дар чемпионати мамлакат ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ бозиҳои зиёде доранд. Аз ин рӯ довталабон ба сафи тими миллӣ бояд дар ҳолати хуб бошанд. Мақсади мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст. Ва барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем», – гуфт сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе.

Назари худро бинависед