Дар Душанбе марҳилаи дуюми курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён аз рӯйи барномаи «Pro» – системаи олии таълими мураббигӣ ба анҷом расид.
Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори ФИФА Гайоз Дарсадзе аз Гурҷистон ва ёварони ӯ инструктори ФИФА ва КФО Усмон Тошев (Ӯзбекистон) ва дастурдиҳанда Вако Дарсадзе (Гурҷистон) мебошанд.
Марҳилаи дуюми курси омӯзишӣ, ки шаш рӯз идома кард, ба ҷанбаҳои муҳими идоракунии футбол бахшида шуда буд.
19 нафар мутахассис Тоҳирҷон Муъминов, Рустам Хоҷаев, Субҳон Хоҷамов, Алишер Тӯйчиев, Баҳодур Сӯфиев, Шамсиддин Қосимов, Файз Давлатов, Увайдо Давлатбеков, Салоҳидин Ғафуров, Алифбек Беромов, Сиёвуш Боев, Фаррух Марофиев, Шариф Зиёев, Асрорҷон Шораҷабов, Зариф Усмонов (ҳама аз Тоҷикистон), Амин Субҳонӣ (Эрон), Игор Суров (Русия), Акмал Холиқов ва Акмал Рустамов (ҳарду аз Ӯзбекистон) барои гирифтани литсензияи мураббигии «Pro» таълим мегиранд.
Бояд гуфт, ки курсҳои мураббигӣ барои довталабони иҷозатномаи «Pro» аз панҷ марҳила иборат буда, соли оянда ба анҷом мерасанд.