Даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола ба анҷом расида, бар асоси натоиҷи он 16 дастае, ки ба қисми ниҳоии мусобиқот баромад, муайян гардид.
Ба ҷуз аз мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «J» ҷойи аввалро ишғол кард, ғолибони нуҳ гурӯҳи дигар – Кореяи Шимолӣ, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ӯзбекистон, Ҷопон, Австралия, АМА ва Яман ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд.
Панҷ даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 (U-17) аз байни дастаҳое, ки бо нишондодҳои беҳтар зинаи дуюмро ишғол намуданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Чин, Ветнам, Индонезия, Эрон ва Уммон мебошанд.
Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола рӯзи 23 январ баргузор мешавад.
Ҳамаи 16 иштирокчии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17): Арабистони Саудӣ (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ӯзбекистон, Ҷопон, Австралия, АМА, Яман, ТОҶИКИСТОН, Чин, Ветнам, Индонезия, Эрон ва Уммон.