Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар бозии дӯстона ҳамсолони худ аз Арабистони Саудиро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар бозии дӯстона ҳамсолони худ аз Арабистони Саудиро шикаст дод

Дар доираи омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи занонаи Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Юсуф Рабиев бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстонаи якумро анҷом дод.

Ин дидор 25 октябр дар Ҷидда баргузор шуда, бо пирӯзии тими бонувони Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева гол заданд.

29 октябр тимҳои занонаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар шаҳри Ҷидда бозии дӯстонаи дуюмро анҷом медиҳанд.

Бояд гуфт, ки даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8 то 16 марти соли оянда баргузор мешавад. Ҳарифони мунтахаби мо дертар муайян мегарданд.

Назари худро бинависед