Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» дуюмин пирӯзиашро ба даст овард.
Дастаи мо дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Назрулло Ашурализода дубл анҷом дода, як тӯби дигарро Ҳайдаршо Худойдодов ба самар расонд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «J» мунтахаби Уммон бар тими Гуам пирӯз шуд – 18:0.
Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Уммон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 27 октябр баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.