Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии санҷишӣ дастаи Малайзияро мағлуб кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии санҷишӣ дастаи Малайзияро мағлуб кард

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ин дидор имрӯз, 15 октябр дар варзишгоҳи «Таман Унгку Тун Амина»-и шаҳри Ҷоҳори Малайзия баргузор шуда, бо пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Меҳрубон Одилзода аз ҳайати дастаи мо дубл кард.

18 октябр тимҳои наврасони Малайзия ва Тоҷикистон боз бозии санҷишӣ доир мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи  интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «J» бо дастаҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) рақобат мекунад. Бозиҳои даври интихобӣ дар Сингапур баргузор мешаванд.

 

Назари худро бинависед