Мунтахаби Тоҷикистон баромадро дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон баромадро дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» ба анҷом расонд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ барои сеюми мусобиқаи «King’s Cup-2024» аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. 

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» дар Тайланд дар ҳайати асосӣ баромад накард. Як қатор бозигарони калидии тими миллӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳайати даста набуданд. Ҳамзамон ситоди мураббиён ба сафи мунтахаби кишвар як идда бозигарони ҷавонро ҷалб кард, ки моҳи сентябри соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои олимпии то 23-сола ширкат менамоянд.

Машғулиятҳои дастаҷамъии навбатии тими миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр баргузор мешавад. Дастаи мо дар майдони худ ду бозии дӯстона доир менамояд. Дар бораи ҳарифон дертар иттилоъ хоҳем дод.

Назари худро бинависед