Голи бозигари тими миллии Тоҷикистон Бахтиёр Солиев, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 оид ба футзал ба дарвозаи мунтахаби Португалия зада буд, аз рӯйи назари мухлисон беҳтарин дониста шуд.
Коршиносони ФИФА даҳ голи беҳтарини ин мусобиқаро муайян карда, ки баъд дар саҳифаи расмии Ҷоми ҷаҳон дар Instagram ба овоздиҳӣ гузоштанд. Дар натиҷа, аз ҳама бештари овозҳоро Бахтиёр Солиев ба даст овард, ки пушт ба сӯи дарвозаи тими Португалия истода, тӯбро бо пошнааш ба дарвоза ворид кард. Ҳамин тариқ голи бозигари тими миллии Тоҷикистон беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Ӯзбекистон эълон шуд.