Файзалӣ Сардоров барои ҷоизаи беҳтарин футзалбози сол дар Осиё довталаб аст – Федерация Футбола Таджикистана

Файзалӣ Сардоров барои ҷоизаи беҳтарин футзалбози сол дар Осиё довталаб аст

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати довталабони ҷоизаҳои солонаро эълон кард.

Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров низ шомил аст, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бомуваффақият баромад кард. Дар Тайланд Файзалӣ Сардоров ду гол зад. Мунтахаби футзали мо дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (2:0), Қирғизистон (2:2), Ҷопон (1:1), Афғонистон (2:1), Тайланд (3:3, аз пеналти – 5:6), Ӯзбекистон (5:5, аз пеналти – 1:3) рақобат карда, ҷойи чорумро гирифт.

Ҳамчунин Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Ӯзбекистон) барои унвони беҳтарин футзалбози Осиё муддаӣ ба ҳисоб мераванд.

28-умин маросими ҷоизасупории КФО «AFC Annual Awards» рӯзи 29 октябр дар Қасри бузурги сулҳи Донишгоҳи Кёнхи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Назари худро бинависед