Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва КФ «Истиқлол» раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои бозиҳои хонагии бошгоҳи шаҳри Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 шуруъ мекунанд.

Дархостро барои аккредитатсия бо акс метавонед ба суроғаи s_faridun@mail.ru ирсол намоед. Дар дархост бояд маълумоти зерин зикр шаванд: ном ва навъи нашрия (нашрияҳои чопӣ, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигор, рақамҳои телефон.

Дархостҳо то соати 12:00 рӯзи 13 сентябр қабул карда мешаванд. Дархостҳое, ки пас аз муҳлати муқарраршуда фиристода мешаванд, БАРРАСӢ НАМЕГАРДАНД!

Бейҷҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон 16 сентябр, як рӯз пеш аз бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шарҷа» (АМА) супурда мешаванд.

Назари худро бинависед