Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона ба хотири гиромидошти собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов, ки аз 19 то 24 июл дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар мусобиқаи Тошканд мунтахабҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Гватемала ва Қирғизистон иштирок карда, дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Сипас ду дастаи аввал дар финал вомехӯранд ва мунтахабҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои 3-4-умро мегиранд, барои медали биринҷӣ рақобат менамоянд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқаи ба хотири Мираброр Усмонов як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо яккачинҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.