25 май бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад. Ташаббуси эълони ин рӯзро президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод кардааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Давҳа қарор дорад ва ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тимҳои миллии Урдун (6 июн, Аммон) ва Покистон (11 июн, Душанбе) омодагӣ мебинад, ҳамаи алоқамандони футболро бо Рӯзи умумиҷаҳонии футбол табрик мегӯяд. Футболро дӯст доред, футбол бозӣ кунед, футбол тамошо кунед, бо футбол бошед!