Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 муқобили тимҳои миллии Урдун ва Покистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 муқобили тимҳои миллии Урдун ва Покистон

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили яккачинҳои Урдун (6 июн, Аммон) ва Покистон (11 июн, Душанбе) омода мешавад, эълон кард.

Ба тими миллии Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе ба далели ҷароҳат доштанаш дар бозиҳои интизор иштирок намекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 май омодагиҳоро ба бозиҳои оянда оғоз мекунад. Дар ин рӯз дастаи мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Қатар меравад, ки онҷо то 2 июн мемонад. 3 июн мунтахаби Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Урдун ба Аммон парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Пас аз бозӣ бо Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва 11-уми июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бар зидди тими миллии Покистон анҷом медиҳад.

 

📃 Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (6 июн) ва Покистон (11 июн): 

️ Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

️ Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»);

️ Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов («Регар-ТадАЗ»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);

️ Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиклол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»). 

️ Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

Назари худро бинависед