Ҳамлагари дастаи олимпӣ ва тими миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев голи аввалини худро дар ҳайати бошгоҳи «Андиҷон» дар Суперлигаи Ӯзбекистон-2024 ба самар расонд.
Голи Самиев дар даври 5-уми Суперлигаи Ӯзбекистон ғалабаи дастаи «Андиҷон»-ро бар «Локомотив» (2:1) таъмин кард. Шаҳром Самиев дар дақиқаи 61-ум аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромад ва баъд аз 9 дақиқа гол зад.
Дар оғози мусобиқоти қаҳрамонии Ӯзбекистон дастаи “Андиҷон” панҷ бозӣ анҷом дода, се пирӯзӣ ва ду мусовиро ба қайд гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки Шаҳром Самиев ба тими олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар даъват шудааст.