Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозии дуюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Покистон вориди Исломобод шуд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар овард.
Бояд гуфт, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Покистон – Тоҷикистон 21 ноябр дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и шаҳри Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.