Дар маросими тантанавии ҷоизасупории Конфедератсияи футболи Осиё, ки имрӯз, 31 октябр дар пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа баргузор шуд, Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ беҳтарин ассотсиатсияи минтақавии сол дониста шуд.
CAFA соли 2015 таъсис ёфтааст ва ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Қобили зикр аст, ки таҳти сарпарастии CAFA дар давраи ҳисоботӣ – аз моҳи январи соли 2022 то апрели соли ҷорӣ ёздаҳ мусобиқа, аз ҷумла барои ҷавонон ва занон баргузор гардидааст. Дар ин муддат аз 11 чорабинӣ 9-тоаш дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Федератсияи футболи шаш кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Қароргоҳи CAFA аз соли 2019 дар Душанбе ҷойгир мебошад.