Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт! – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт!

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» мақоми якумро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дастаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар тими Мянмар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳои дастаи моро Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев заданд.

Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон дар ҳар се бозии интихобӣ пирӯз шуд. Қаблан футзалбозони мо бар дастаҳои Ҳиндустон (6:3) ва Фаластин (6:1) ғалаба карда буданд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар Ҷоми Осиё оид ба футзал ширкат мекунад. Ҳабдаҳумин Чемпионати Осиё оид ба футзал соли оянда аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал

Гурӯҳи «E». Даври 3

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇲🇲 Мянмар – 3:0

️ Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 31 (1:0). Идрис Ёров, 31 (2:0). Комрон Алиев, 33 (3:0).

🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Файзалӣ Сардоров (🇹🇯 Тоҷикистон).

🏟 11 октябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2300 тамошобин.

Назари худро бинависед