Имрӯз, 11 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» баргузор мешаванд.
Дастаҳои Тоҷикистон ва Мянмар, ки пас аз ду давр шаш имтиёзӣ ба даст овардаанд, байни ҳам ғолиби гурӯҳро муайян мекунанд. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Дар бозии дигар соати 16:00 тимҳои Фаластин ва Ҳиндустон вомехӯранд.
Ҳамаи мухлисонро барои дастгирии футзалбозони тоҷик даъват менамоем!
🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024
♦️ Гурӯҳи «E». Даври 3
📅 11 октябр (чоршанбе)
⌚️ 16:00 – 🇵🇸 Фаластин – 🇮🇳 Ҳиндустон
⌚️ 19:00 – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇲🇲 Мянмар