Дастаи мунтахаби футзалиТоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Е» мунтахаби Мянмар бар тими Фаластин ғалаба кард – 2:1.
Дастаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 9 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мегардад.
🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал
✔️ Гурӯҳи «E». Даври 1
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇳 Ҳиндустон – 6:3
🇲🇲 Мянмар – 🇵🇸 Фаластин – 2:1