Раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ аз рӯйи барномаи «С» курсҳои мураббигӣ баргузор намуд.
Инструктори курсҳо Боир Игамбердиев буда, вазифаи ёварро мудири шуъбаи таълимии раёсати техникии ФФТ Алифбек Беромов иҷро намуд.
Барои сертификати мураббигии «С» 21 нафар – Илҳом Абдулофизов, Амид Акбаршоев, Амин Авазбеков, Боз Авазбеков, Беҳрӯз Авғоншоев, Шероз Байдуллоев, Умед Чоршанбиев, Ҷумъахон Давлатов, Шуҳрат Ғуломамадов, Исматшо Иматшоев, Паҳлавон Ҷумъахонов, Насим Кабиров, Муяссар Худоёрбеков, Қиматшо Метаршоев, Карим Рахимҷонов, Мурид Саидшоев, Руслан Тиллоев, Дилшод Сафармамадов, Солим Холдорбеков, Саидқадам Қурбонбеков ва Икронбегим Сафармамадова довталаб буданд.
Барномаи курсҳои мураббигӣ аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Пас аз хатми курсҳо, донишҷӯён аз рӯйи барномаи таълимӣ имтиҳон супориданд.