Имрӯз, 5 июл Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар минтақаҳои Ғарбу Шарқро эълон кард. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи бузургтарини бошгоҳҳои Осиё 24 август дар Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил карда мешавад. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО аз шаш давр иборат буда, 18-уми сентябр оғоз шуда, 13-уми декабр ба анҷом мерасад. Ҳама дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ рақобат хоҳанд кард.
Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз қуръакашии мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар қатори бошгоҳҳои «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва чемпиони Ироқ, ки баъдтар муайян мегардад, шомили сабади сеюм гардид. Ин маънои онро дорад, ки қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ин бошгоҳҳо бозӣ намекунад.
Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро ишғол мекунад, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
✔️ Сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24:
⚽️ Минтақаи Ғарб:
Сабади 1️⃣: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Персеполис» (Эрон), «Ал-Садд» (Қатар), «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ).
Сабади 2️⃣: «Сипоҳон» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Насаф» (Ӯзбекистон), «Ал-Файҳа» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон).
Сабади 3️⃣: «Ал-Файсалӣ (Урдун), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), қаҳрамони Ироқ, «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон).
Сабади 4️⃣: «Ал-Айн» (АМА), ғолиби ҷуфти «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳли» (АМА)/«Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти «Трактор» (Эрон) – «Шарҷа» (АМА)/«Башундара Кингс» (Бангладеш), ғолиби ҷуфти «Ал-Арабӣ» (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон)/«Ал-Сиб» (Уммон), ғолиби ҷуфти «Ал-Вақра» (Қатар) – «Навбаҳор» (Ӯзбекистон).