Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурони тими миллии наврасони Тоҷикистон (U-17) мулоқот анҷом дод. Пагоҳ, 5-уми июн дастаи мо ба Тайланд сафар карда, онҷо марҳилаи ниҳоии омодагиро пеш аз Ҷоми Осиё-2023 доир мекунад.
Дар вохӯрӣ бо даста, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе баргузор шуд, ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва дабири кулли ФФТ Фурқат Аҳмедҷонов ширкат доштанд. Зимни суҳбати самимӣ онҳо бо бозигарон ва ҳайати мураббиён дар бораи Ҷоми Осиё-2023 сухан карданд. Роҳбарияти ФФТ ба даста дар қисми ниҳоии чемпионати Осиё барору комёбӣ таманно намуд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «С» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) мебошанд. Наврасони мо ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронанд.
Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.