Петр Сегрт: «Барои тими миллии Тоҷикистон омӯзиш ва рушд кардан муҳим аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Барои тими миллии Тоҷикистон омӯзиш ва рушд кардан муҳим аст»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023-ро шарҳ дод. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақибони тими миллии мо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) хоҳанд буд.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

– Ин аввалин Ҷоми Осиё барои тими миллии Тоҷикистон хоҳад буд ва мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем. Мусобиқот ба фикрам хеле ҷолиб хоҳад буд. Бояд ҳамаи рақибонро эҳтиром кард. Дар Ҷоми Осиё ягон дастаи заиф нест. Қатар қаҳрамони феълии Осиё аст, Чин низ як дастаи хеле бузург мебошад. Лубнон низ рақиби хуб аст. Барои Тоҷикистон омӯзиш ва рушд кардан муҳим аст.

Барои мо зинаи аввал дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, ки дар Қирғизистон баргузор шуд, хеле муҳим буд. Бо вуҷуди ин, он пушти сар шуд. На танҳо мо, балки ҳамаи дастаҳо аз сифр оғоз мекунанд. Аммо як чизро бояд бигӯям. Дар ҳайати тими миллӣ бачаҳои хеле баномусе дорем, ки дар ҳар бозии Ҷоми Осиё сидқан мубориза хоҳанд бурд ва ман хеле шодам, ки мураббии онҳо ҳастам.

Назари худро бинависед