Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023», ки дар шаҳри Минск ҷараён дорад, бозии сеюми худро анҷом дод.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар чаҳоргонаи «В» бар тими Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ҳар се голро аз ҳайати дастаи мо Раббонӣ Камолов зад.
Қаблан дар ду бозии аввали мусобиқот дар Минск мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тимҳои Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда буд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023»
Гурӯҳи «В». Даври 3
ТОҶИКИСТОН (U-17) – Эрон (U-17) – 3:1
Голҳо: Раббонӣ Камолов, 56 (1:0). Касро Тоҳирӣ, 58 (1:1). Раббонӣ Камолов, 66 (2:1). Раббонӣ Камолов, 74 (3:1).
9 феврал. Толори футболи Минск.