Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат хоҳад кард.
Дар «Ҷоми Рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунад.
Дастаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) нерӯ месанҷад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-17) ва Русия (U-16) бозӣ мекунанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила рақобат менамоянд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск:
Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-17), Русия (U-16).
Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Русия (U-17), ТОҶИКИСТОН (U-17), Эрон (U-17).