Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур имрӯз, 3 ноябр маросими қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола баргузор шуд.
Дар натиҷа 29 даста ба хашт гурӯҳ таксим шуданд. Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «Е» якҷо бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг ва Ироқ ҷойгир шуд. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 22 то 30 апрели соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи марҳилаи аввал ба даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 роҳ меёбанд.
Натиҷаи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола:
Гурӯҳи «А»: Таиланд (мизбон), Малайзия, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, Индонезия.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Тайбейи Чин, Муғулистон (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи «С»: Ветнам (мизбон), Ӯзбекистон, Фаластин, Баҳрайн.
Гурӯҳи «D»: Бангладеш, Сингапур (мизбон), АМА, Туркманистон.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Ироқ.
Гурӯҳи «F»: Мянмар, Ҳиндустон, Қирғизистон (мизбон).
Гурӯҳи «G»: Филиппин, Лубнон, Гуам (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Эрон, Урдун (мизбон), Непал.