Бо даъвати Федератсияи футболи Эрон ҳайати доварон аз Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрон ва Никарагуаро, ки 10 ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.
Довари марказии бозии дастаҳои Эрон ва Никарагуа довари ФИФА Гулмуроди Саъдуллои 31-сола хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриеви 36-сола ва Фарҳод Куралови 29-сола кӯмак мекунанд.