Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки имрӯз дар Куала-Лумпур баргузор шуд, Қатар ҳамчун мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 интихоб карда шуд. Замони дақиқи баргузории мусобиқа ҳанӯз маълум нест.
Қатар барои сеюмин бор дар таърихи худ мизбони Ҷоми Осиё мешавад. Қаблан дар Қатар солҳои 1988 ва 2011 чемпионати Осиё баргузор шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 24 даста ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба ҷуз аз тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия дар мусобиқа ширкат меварзанд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳ тақсим мешаванд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду тими беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва ҳамчунин чаҳор дастае, ки миёни ишғолкунандаҳои ҷойи сеюм натиҷаи беҳтарин ба даст меоранд, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.